Март 24, 2021 20:47 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон бо сафар ба Хатлон ба овозаҳо поён дод
    Эмомалӣ Раҳмон бо сафар ба Хатлон ба овозаҳо поён дод

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз чоршанбе 24 март боздиди кории худро аз вилояти Хатлон оғоз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз иттилоияи дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи нахусти сафар, чандин тарҳи саноатӣ ва омӯзишӣ ба шумул ифтитоҳи сохтмони 6 ошёнаи ҷадиди донишкадаи пизишкии Бохтар, корхонаҳои тавлиди дучарха, ҷӯроб ва шиферро ифтитоҳ кард. 

Боздиди Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон ҳамчунон идома дорад. 

Гуфтанист, ки Эмомалӣ Раҳмон тақрибан ҳар моҳ як бор ба яке аз манотиқи Тоҷикистон сафар мекунад, аммо барномаи ҷории ӯ бо ҳошияҳои ҳамроҳ будааст.

Дар рӯзҳои гузашта бархе расонаҳо аз ҷумла радиоии Озодии Амрико ва сомонаҳои хабарии bne.intellinews ба шоеаҳое дар мавриди вазъи ҷисмии раиси ҷумҳурии 68 солаи Тоҷикистон доман заданд.

Аз ҷумла иддао мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон муддатҳост дар назди омма зоҳир нашуда ва ин эҳтимолан ба вазъияти саломатии ӯ муртабит аст. 

Дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ин иддаоҳоро такзиб кардааст.

 

Барчасп