Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Иморот густариш меёбад
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо Суҳайл Мазрӯӣ, вазири энержии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар шаҳри Душанбе дидор кард.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", ду тараф дар ин дидор бар азми ҷиддии худ бар ташкили камиссиюни байнидавлатии Тоҷикистону Иморот ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷорӣ таъкид карданд.
Ҷазби сармояи Иморот дар ҳавзаҳое монанди энерживу об, кишоварзӣ, беҳдошт ва ҳамлу нақл дар канори кӯмак ба Тоҷикистон дар таъсиси сомонаи содироти меваву сабзиҷот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Иморот, аз дигар мавзӯоти меҳварии ин дидор буд.
Ду тараф ҳамчунин бар зарурати таъсиси як бунёди муштараки сармоягузорӣ ва эҷоди намояндагии як бонки иморотӣ дар Тоҷикистон ба тавофуқоте даст ёфтанд.
Сафари вазири энержии Иморот ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки камтар аз як соли пеш Эмомалӣ Раҳмон низ дар сафар ба Абузабӣ, муқаддамоти ҳузури сармоягузорони арабӣ дар ин кишварро фароҳам кард.
Афзоиши ҳузур ва фаъолияти иқтисодии кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс дар Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки ба эътиқоди коршиносони тоҷик, Ҷумҳурии исломии Эрон аз зарфияти бисёр болотаре нисбат ба ин кишварҳо барои кӯмак ба Тоҷикистон бархӯрдор аст.