Октябр 21, 2016 17:27 Asia/Dushanbe
  • Имзои барномаи ҳамкории вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Туркия дар Душанбе

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе бо Човушуғлу, ҳамтои туркияии худ дидор кард .

Вазирони умури хориҷаи Туркия ва Тоҷикистон дар ин дидор барномаи ҳамкории вазоратхонаҳои хориҷаи Тоҷикистону Туркия барои солҳои 2017- 2020-ро ба имзо расониданд.

Ду тараф ҳамчунин бар дидгоҳи муштараки Тоҷикистону Туркия дар мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ ва ҳамчунин ироаи кӯмакҳои ҳуқуқӣ ба якдигар дар робита бо парвандаҳои ҷиноӣ таъкид карданд.

Аслов ва Човушуғлу ҳамчунин тавсеаи равобит байни ду кишвар дар бахшҳои мухталифро баррасӣ карданд.

Туркия пас аз Чин, Русия ва Қазоқистон, аз бузургтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон маҳсуб мешавад.