Март 27, 2021 11:30 Asia/Dushanbe
  • Нерӯгоҳи Роғун нуӯҳумин нерӯгоҳи обӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар рӯдхонаи Вахш сохта мешавад
    Нерӯгоҳи Роғун нуӯҳумин нерӯгоҳи обӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар рӯдхонаи Вахш сохта мешавад

Мудирияти нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз пардохти музди меҳнати ақибафтодаи коргарони ин нерӯгоҳ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хупросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷи, 15 ширкат, ки ба далели нотавонӣ дар пардохти дастмузди коргароншон муҷаввизи фаъолиятшон лағв шуда буд, бо пардохти ин қарз кори худро аз сар гирифтаанд. 

Гуфта мешавад, ки ширкати "Асри нур" танҳо се моҳи қарзи худро барои музди кори коргарон пардохт кардааст ва пас аз ба даст овардани суратҳисоби пурра, метавонад дубора иҷозатнома барои фаъолият бигирад.
  
Ин дарҳолест, ки аз 25 ҳазор коргари машғул дар сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун, фақат коргарони ширкати италиявии  Saliniи Impregilо муҷрии сохти ин нерӯгоҳ ва дигари ширкатҳои хориҷӣ ба мавқе музди меҳнати  худро дарёфт мекунанд. 

Нерӯгоҳи Роғун нуҳумин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар рӯдхонаи Вахш сохта мешавад. 

Ин нерӯгоҳ бо сарбанди хоки 335 метрӣ ва иқтидори 17 миллиард киловатт соат барқ ​​дар як сол бузургтарин лоиҳаи гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ аст ва интизор меравад, ки соли 2033 ба итмом расад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп