Эмомалӣ Раҳмон бӯҳрони Афғонистонро таҳмилӣ ва натиҷаи мудохилаи хориҷӣ хонд
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бӯҳрони Афғонистонро таҳмилӣ ва натиҷаи мудохилаи хориҷӣ унвон кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ифтитоҳияи нуҳумин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ибтикори " Қалби Осиё" дар бораи Афғонистон дар шаҳри Душанбе гуфт, ки даргириҳои беш аз 40- солаи Афғонистон таҳмилӣ буда ва акнун ба як мушкили байналмилалӣ табдил шудааст.
Вай таъкид кард, ки мардуми Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ва дорои муштаракоти зиёде мебошанд ва наметавонанд нисбат ба идомаи даргириҳо дар ин кишвари дӯсту ҳамсоя бетафовут бимонанд. Аз ин рӯ Тоҷикистон дар тамоми ҳамоишҳои байналмилалӣ хостори кумак ба барқарории сулҳи пойдор ва поёни даргирҳо дар Афғонистон шуда ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, ки ба таври ҷиддӣ барои ҷилавгирӣ аз мудохилаи хориҷӣ, ки решаи идомаи буҳрони ин кишвар мебошад, иқдом кунад.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар афғонистонро нигаронкунанда хонд ва ибрози умедворӣ кард, ки нишасти Душанбе гоми тоза барои поён додан ба даргириҳо дар ин кишвар барқарории сулҳу амният пойдор хоҳад буд.
Нуҳумин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ибтикори " Қалби Осиё " дар бораи Афғонистон рӯзи 30 март дар шаҳри Душанбе бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳамтои афғонистонии вай оғози ба кор кард.
Бештар бихонед: