Мулоқоти Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Ара Айвазян
Апрел 04, 2021 21:36 Asia/Dushanbe
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ара Айвазян бо имзо кардани Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои умури хориҷаи ҳар ду кишвар анҷом ёфт
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар ин дидор Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири умури хориҷаи Арманистон Ара Айвазян дар бораи роҳҳои тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷорӣ. иқттисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона баҳс ва табодули назар карданд.
Ҳамчунин дар баёнияи поёнии мулоқот низ бар талоши музоафи мақомоти ду кишвар барои афзоиши сатҳи равобит таъкид шуд.
Бештар бихонед: