Апрел 05, 2021 20:13 Asia/Dushanbe
  • Субҳонзода: Нархи чиптаҳои парвозро Кумитаи амнияти миллӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон назорат мекунанд
    Субҳонзода: Нархи чиптаҳои парвозро Кумитаи амнияти миллӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон назорат мекунанд

Роҳбари Идораи Авиатсияи граждании Тоҷикистон ба намояндагони "Сомон Эйр" ва "Ют Эйр" дар бораи нархи баланди чиптаҳо дар парвозҳои нав оғозёфта байни Душанбе ва Маскав ҳушдор дод.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, Икром Субҳонзода дар нишаст бо намояндагони ин ду ширкат гуфтааст, ки бо вуҷуди таъини баҳои чиптаи рафту баргашт дар ин масир ба нархи 500 доллар теъдоди зиёде аз мусофирон аз гарон шудани нархи чипта шикоят кардаанд. 

 Вай изофа кард: Ҳатто ба далели зиёд будани теъдоди мусофирон ва ба вижа коргарони муҳоҷири тоҷики нархи билет дар масири Душанбе ба Маскав 350 доллар ва дар масири баргашт, ки мусофир камтар аст 150 доллар таъин шудааст. 


Роҳбари Идораи Авиатсияи граждании Тоҷикистон таъкид кард: Ин дар ҳолест, ки мусофирон бо интишори аксҳое аз билетҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом кардаанд, ки билети масири Душанбе ба Маскавро 8 то 9 ҳазор сомонӣ ( наздик ба 800 то 900 доллар ) харидорӣ кардаанд.

Субҳонзода ҳушдор додааст, ки аз ин пас нархи билети парвозҳо таҳти назорати кормандони Комитети давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон хоҳад буд ва гаронфурӯшон муҷозот хоҳанд шуд. 
  
  

 
  Нахустин парвози муназзам миёни Душанбе ва Маскав дар як соли ахирро рӯзи 4 апрел ширкати ҳавопаймойии русии Ют Эйр анҷом дод, ки 258 нафарро аз Маскав ба Душанбе мунтақил кард.

Ин парвоз дар масири баргашт бо 10 мусофир ба Маскав парвоз кард дар ҳоле, ки барои ин парвоз 249 мусофир билет харида буданд. 

Ширкати Сомон Эйр ҳам дар дувумин парвози муназзам миёни Тоҷикистон ва Русия дар як соли ахир 184 мусофирро бо ду соат таъхир аз Душанбе ба Маскав мунтақил кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп