Имтиёзи Парлумони Тоҷикистон ба сарбозҳо; биидуни озмун ба донишгоҳ биравед
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон нақшаи ислоҳи қонуни вазъи ҳуқуқии хидмати сарбозӣ дар ин кишварро тасвиб кард, ки бар асоси он сарбозон пас аз даврони хидмат дар Қувваҳои мусаллаҳ бидуни озмун дар донишгоҳҳои дохилӣ ва хориҷӣ пазириш хоҳанд шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҳадаф аз ин иқдом ташвиқи ҷавонон барои рафтан ба хизмати сарбозӣ эълом шудааст.
Раиси комитети умури дифо ва амнияти маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод ҳангоми пешниҳоди ин тарҳ таъкид кард, ки ин пешниҳод бо истиқболи намояндагон рӯ ба рӯ шуда ва барои ислоҳи авзоъи хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон бисёр муҳим аст.
Чанде пеш низ барои бори нахуст дар Тоҷикистон тарҳи хариди хизмати сарбозӣ тасвиб шуд, ки заминаи муъофияти ҷавонон ва ба вижаи донишҷӯёни донишгоҳҳоро аз хизмати Қувваҳои мусаллаҳ дар баробари пардохти маблағи муайян фароҳам мекунад.
Ҳамчунин иқдомоти назири вогузории замин ба волидайне, ки фарзандони худро довталабона ба хизмати сарбозӣ эъзом мекунанд, омӯзиши ройгони ронандагӣ ва ҳатто эъзоми волидайни онон ба ҳаҷ аз дигар тадбирҳоест, ки барои ҷазби ҷавонони Тоҷикистон ба хизмати сарбозӣ иҷроӣ шудааст.
Бештар бихонед: