Апрел 08, 2021 14:34 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи тими миллии футболи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ
    Рутбаи тими миллии футболи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ

Ҷойгоҳи тими миллии футболи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ эълом шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федерастияи футболи Тоҷикистон, бар асоси эъломи федератсияи ҷаҳонии футбол ( ФИФА ) тими миллии футболи Тоҷикистон бо касби 1151 имтиёз дар радаи 121 ҷаҳонӣ қарор гирифт.

Дар ин феҳристи тими миллии футболи Ҷопон бо 1509 имтиёз беҳтарин натиҷаро дар Осиё ба даст овардаасту дар радаи  28 ҷаҳонӣ қарор гирифт. 

Дар радабандии ҷадиди ФИФА, тими Белгия бо 1783, 38 имтиёз дар ҷойгоҳи аввал, тими Фаронса бо 1757, 3 имтиёз дар ҷои дувум ва тими Бразилия бо 1742, 65 имтиёз дар ҷои сеюм қарор дорад. 
  
  
  
  Бештар бихонед :