Оғози ваксинатсияи муаллимони мактабҳои шаҳри Душанбе
(last modified Fri, 09 Apr 2021 11:50:36 GMT )
Апрел 09, 2021 16:50 Asia/Dushanbe
  • Ба теъдоде аз муаллимҳои макотиби шаҳри Душанбе ваксина тазриқ мешавад
    Ба теъдоде аз муаллимҳои макотиби шаҳри Душанбе ваксина тазриқ мешавад

Ба теъдоде аз омӯзгорони мактабҳои чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ваксинаи коронаи “Астра Зенека” тазриқ шуд.

Ба гузориши сомонаи “Пресса ТҶ”, тазриқи ин ваксина барои муаллимони шаҳри Душанбе аз 7 апрел оғоз шудааст.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, идороти маориф номҳои муаллимони довталаб барои дарёфти ваксинаи коронаро эълом мекунанд.

Пеш аз ин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тазриқи ваксинаи “Астра Зенека /Оксфорд” ба ҳудуди 30 ҳазор нафар аз кадри дармонии кишвар хабар дода буд.

Тоҷикистон бо кумаки молии Бонки Ҷаҳонӣ 192 ҳазор доза ваксинаи “Астра Зенека” ворид кардааст. Бар асоси барномарезии масъулони Вазорати тандурустӣ, кадри дармонӣ, муаллимон ва афроди солхурда дар авлавияти тазриқи ваксина ҳастанд.

Мэрилин Йосефсон, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе низ гуфт, 624 ҳазор дозаи дигар аз ваксинаи “Астра Зенека” дар қолаби барномаи КоВакс моҳи майи имсол ба Тоҷикистон ирсол мешавад.

Қарор аст ба як миллиону 800 ҳазор нафар аз ҷамъияти ҳудуди 10 миллионии Тоҷикистон ваксинаи корона тазриқ шавад.

 

Бештар бихонед: