Афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон асоси иқтисодӣ надорад
(last modified Sun, 23 Oct 2016 05:12:37 GMT )
Октябр 23, 2016 10:12 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон асоси иқтисодӣ надорад

Коршиноси тоҷик муътақид аст, ки тасмими давлати Тоҷикистон барои афзоиши қимати барқ дар ин кишвар асоси иқтисодӣ надорад.

Ба гузориши сойти "Озодагон", Зулфиқори Исмоилиён бо ишора ба тасмими Ҳукумати Тоҷикистон барои афзоиши қимати барқ аз авоили  моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ин кишвар, ин иқдомро ғайриқобили тавҷеҳ унвон кард.

Вай таъкид кардааст, ки тақрибан ҳар сол давлати Тоҷикистон ба ин баҳона, ки шарти дарёфти қарз аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ, афзоиши қӣмати барқ ба ҳадафи беҳбуди хадамоти нигаҳдории хутути интиқоли барқ ба мардум мебошад, қиматро боло мебарад. Аммо бо дарёфти қарзҳои калони молӣ, ҳеч беҳбуде дар таъмини барқи мавриди ниёзи мардум ва фаъолияти беҳинаи шабакаҳои интиқоли барқ дар Тоҷикистон мушоҳида намешавад. Ба гуфтаи Исмоилиён ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2010 бо Бонки Ҷаҳонӣ барои дарёфти қарзи молӣ созишнома имзо карда ва мутааҳид шудааст, ки тадриҷан ҳамасола қимати барқро афзоиш диҳад, то ки хадамоти интиқоли барқро ба сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ расонад. Аммо муттаассифона бо вуҷӯди дарёфти ин эиътибороти молӣ дар заминаи барқрасонӣ ба мардум ҳеҷ тағйироти мусбате мушоҳида намешавад.

Бар асоси тасмими ҳукумати Тоҷикистон аз авоили моҳи ноябри соли ҷорӣ, қимати ҳар як киловатт/соат барқи масрафӣ барои бахши хонагӣ, ки токунун давоздаҳу шаш дирам будааст, ки бар асоси тарофаҳои ҷадид, ба шонздаҳу шаш дирам хоҳад расид.

Аз авоили моҳи ноябр марокизи тавлидӣ ва санъатии Тоҷикистон низ барои масрафи ҳар киловатт/соат барқ сиюпанҷу шаш дирам пардохт хоҳанд кард.