Пешбинии воридоти 550 миллион доллар сӯзишворӣ ба Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон аз барномарезӣ барои воридоти сӯзишворӣ ба арзиши 550 миллион доллар дар соли 2021 хабар додаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, аз ин мизон 531 ҳазор тонна бензин ва солярка ба арзиши 344 миллион доллар имсол аз хориҷ харидорӣ ва ба Тоҷикистони ворид хоҳад шуд.
Имсол ҳамчунин воридоти 442 ҳазор тонна гази моееъ ба арзиши молии 206 миллион доллар пешбинӣ шудааст.
Дар ду моҳи нахуст имсол аз хориҷ ба Тоҷикистон 89 ҳазор таонна маҳсулоти нафтӣ ба арзиши молии 37 миллиону 600 ҳазор доллар ворид карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳаҷми тавлиди дохилии бензин, солярка ва мазутт дар муддати ду моҳи нахусти имсол дар Тоҷикистони 2 ҳазору 600 тонна эълом шудааст, ки дар муқоиса бо давраи монанди сол қабл коҳиши 30 дарсадиро нишон медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки нархи бензин ва солярка тайи се моҳи нахусти имсол дар Тоҷикистон аз 6 сомонӣ ба 9 сомонӣ ва гази моеъ низ аз 3 сомонию 70 дирам ба 5 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Масъӯуони ширкатҳои воридкунандаи сӯхт ба Тоҷикистон мӯътақиданд ,ки афзоиши нархҳо дар кишвар таҳти таъсири афзоиши баҳои сӯзишворӣ дар Русия ва Қазоқистон ба унвони содиркунандагони аслии фаровардаҳои нафтӣ аст .
Бештар бихонед: