Афзоиши воридоти гази фишурда дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i6523-Афзоиши_воридоти_гази_фишурда_дар_Тоҷикистон
Тоҷикистон бо вуҷуди боло рафтани қимати гази фишурдаи воридотӣ, ин навъи сӯхт аз Қазоқистонро афзоиш медиҳад.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Октябр 23, 2016 11:58 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши воридоти гази фишурда дар Тоҷикистон

Тоҷикистон бо вуҷуди боло рафтани қимати гази фишурдаи воридотӣ, ин навъи сӯхт аз Қазоқистонро афзоиш медиҳад.

Ба гузориши сойти Азия плюс, мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон эълом кардаанд, ки танҳо дар моҳи сентябри гузашта ба ин кишвар, 31 ҳазору 500 тон гази фишурда ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, 8 ҳазору 800 тон бештар мебошад.

Бар асоси ин гузориш, аз авоили соли ҷорӣ ба Тоҷикистон, 253 ҳазор тон гази фишурда ворид шуда, ки 70 дарсади он аз Қазоқистон ба ин кишвар мунтақил шудааст. Ҳамчунин ба гуфтаи манобеи Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир беш аз 60 дарсад аз худравҳои ин кишвар аз газ ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд.

Аз суи дигар дар марокизи сӯхтгирии Тоҷикистон, аз авоили имсол қимати ҳар литр гази фишурда аз 2 сомониву 40 дирам ба 3 сомониву 40 дирам афзоиш ёфт. Мақомоти энержии Қазоқистон эълом кардаанд, ки ба далели афзоиши тарофаҳои гумрукӣ ва тақозои хариди бештари гази фишурда, ин кишвар дар хориҷ иқдом ба афзоиши қимати ин навъи сӯхт кардаанд.