Апрел 15, 2021 18:38 Asia/Dushanbe
  • Бинобар гузориши Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ин мулоқот вазъияту дурнамои тавсеъаи равобити низомӣ ва низомии фаннии байни ду кишвар баррасӣ шуд .
    Бинобар гузориши Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ин мулоқот вазъияту дурнамои тавсеъаи равобити низомӣ ва низомии фаннии байни ду кишвар баррасӣ шуд .

Муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои русии худ дар Маскав дидору гуфтугӯ кард.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вазорати дифои Тоҷикистон, Эмомалӣ Собирзода-муовини аввали вазири дифо ва раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо Валерий Герасимов – ҳамтои  русии худ дар Маскав мулоқот кард .

  Бинобар гузориши Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ин мулоқот вазъияту дурнамои тавсеъаи равобити низомӣ ва низомии фаннии байни ду кишвар баррасӣ шуд .

   Ҳамчунин амалкарди пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон баррасӣ шуд .

    Пеш аз ин дар Маскав нишасти кумитаи низомии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ баргузор шуд, ки дар ҷараёни он раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия зимни ифтитоҳи ин рӯйдод ба унвони раиси ин созмон гуфт : Маскав хостори ташдиди ҳамкориҳои низомӣ дар чорчуби ин созмон аст .

    Вай гуфт : Умедворам ки ин нишонаи хубе барои тақвияти ҳамкориҳои низомӣ дар чорчуби Созмони паймони амнияти ҷамъӣ бошад ва натоиҷи ин нишаст ба густариши бештари таъомул байни бахшҳои дифоии кишварҳои узв кумак хоҳад кард .

    Дар поёни ин иҷлос раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия эълом кард, ки дар соли 2021 дар қолаби Созмони паймони амнияти ҷамъӣ 4 размоиши низомии муштарак дар хоки Тоҷикистону Русия баргузор мешавад .

   Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар соли 1992 таъсис шуд ва кишварҳои Қазоқистон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви он ҳастанд .

 

  Бештар бихонед: