Апрел 17, 2021 19:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоҳангкунандаи ислоҳоти сохтории полиси Тоҷикистон мегуяд, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба тааҳҳудоти хеш дар бораи ин ислоҳот амал накардааст
    Ҳамоҳангкунандаи ислоҳоти сохтории полиси Тоҷикистон мегуяд, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба тааҳҳудоти хеш дар бораи ин ислоҳот амал накардааст

Тоҷикистон Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро ба пойбанд набудан ба кумак дар ислоҳоти сохтории полиси кишвар муттаҳам кард.

Тоҷикистон Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро ба пойбанд набудан ба кумак дар ислоҳоти сохтории полиси кишвар муттаҳам кард.

Ба гузориши сафҳаи Шӯрои иҷтимоии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар Фейсбук, ҳамоҳангкунандаи ислоҳоти сохтории полиси Тоҷикистон навиштааст, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба тааҳҳудоти хеш дар ин замина дар ҳафтсоли ахир амал накардааст.

Валихон Ҳамдамзода таъкид кардааст: «дар соли 2013 созишномаи кумаки молии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо барои ислоҳоти сохтории полиси Тоҷикистон имзо шуд, ки бояд дар соли 2020 ба поён мерасид. Бар асоси ин барномаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мутааҳҳид шуда буд, ки кумаки молӣ дар ин маврид дар ихтиёри Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон қарор диҳад.»

Ҳамдамзода ҳамчунин гуфтааст: «барои ин барнома Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон маблағи як миллиарду 150 миллионсомонӣ ҳазина кардааст. Аммо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо тайи солҳои 2014 то 2020 ҳамагӣ 337 миллионсомонӣ ба ин манзури ихтисос дод ва ба тааҳҳудоти молии хеш амал накард.»

Вай афзӯдааст: « Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе 8 тарҳ дар ин замина ироа карда буд, ки мебоист бо пуштвонаи молӣ ҳамроҳ мешуд, аммо ин иттифоқ наафтод.»

Ҳамоҳангкунандаи ислоҳоти сохтории полиси Тоҷикистон таъкид кардааст, ки бадаҳдии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо хилофи созшномаҳи ҳамкорӣ бо ҳукӯмат ва вазорати корҳои дохила Тоҷикистон мебошад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп