Баргузории нишасти платформаи шарикии Тоҷикистону САҲА
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i117662
Нишасти платформаи шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 25, 2024 19:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА
    Ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА

Нишасти платформаи шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши “Ховар” ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин нишаст намояндагони мақомоти зирабти Тоҷикистон ширкат ва дар хусуси фаъолиятҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дар чорчӯби се буъди ҳамкории низомӣ - сиёсӣ, иқтисодӣ – зистмуҳитӣ ва инсонӣ баҳсу табодули назар карданд.