“Зарари ваксинаи Астра Зенека / Оксфорд дар Тоҷикистон ҷиддӣ нест”
(last modified Mon, 19 Apr 2021 07:45:03 GMT )
Апрел 19, 2021 12:45 Asia/Dushanbe
  • Қарор аст ниме аз аҳолии ҳудуди 10 миллион нафарии Тоҷикистон ваксинаи корона дарёфт кунанд
    Қарор аст ниме аз аҳолии ҳудуди 10 миллион нафарии Тоҷикистон ваксинаи корона дарёфт кунанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки зарари тазриқи ваксинаи Астра Зенека / Оксфорд дар баъзе аз шаҳрвандон ҷиддӣ нест .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ.тҷ  Файзалӣ Саидзода-мудири Маркази пешгирӣ аз бемориҳои сирятии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, ки аз 12 ҳазору  380 нафаре, ки ваксинаи Астра Зенека / Оксфорд дарёфт кардаанд, танҳо 107 нафар аз таби боло шикоят доштанд ,ки баррасиҳо нишон медиҳад ин ориза ҷиддӣ нест .

  Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон бо кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ  192 ҳазор доза аз ин ваксинаро дарёфт кардааст, ки кадри дармонӣ, муаллимон ва афроди солхурда дар авлавияти тазриқи он қарор доранд .

    Аз ин рӯ ваксина ба кормандони бахши дармон, муаллимон, кормандони фурӯдгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе тазриқ шудааст.

  Қарор аст  624 ҳазор дозаи дигар аз ваксинаи Астра Зенека / Оксфорд дар чорчуби барномаи Ковакс, моҳи майи имсол ба Тоҷикистон мунтақил шавад .

  Тоҷикистон ҳамчунин бо Русияу Чин барои ворид кардани ваксинаи корона дар ҳоли музокира аст .

    Қаблан тазриқи ин ваксина дар бархе кишварҳои аврупоӣ ба далели мушоҳидаи мавридҳои ҷиддии лаълбастагии хун пас аз тазриқ, мамнӯъ шуда буд .

 Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 5 миллион нафар аз ҷамъияти наздик ба 10 миллион нафарии кишвар  ваксинаи корона дарёфт хоҳанд кард .

 

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп