Идомаи ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза
(last modified Tue, 05 Nov 2024 09:26:51 GMT )
Ноябр 05, 2024 14:26 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза

Ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи борикаи Ғазза ҳамчунон идома дорад.

Дар ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба Байти Лоҳиё ва бомбаборони маҳалли сукунати оворагони фаластинӣ, шимоли борикаи Ғазза ва ҳамчунин шаҳраки Аззавоида дар маркази ин борика 24 фаластинӣ шаҳид шуданд.

Болгардҳои артиши Исроил низ чодари оворагон дар шаҳри Дайрулбалаҳ, маркази борикаи Ғаззаро ҳадафи ҳамалоти худ қарор доданд, ки дар натиҷаи он 2 фаластинӣ шаҳид ва теъдоде ҳам захмӣ шуданд.

Дар ҳамалоти рӯзи гузаштаи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза низ 70 нафар шаҳид шуданд.

Аз оғози ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза аз 7 октябри 2023 чиҳилу се ҳазору 374 фаластинӣ шаҳид ва 102 ҳазору 261 фаластинӣ захмӣ шудаанд.