Ҳамлаи паҳподии муқовимати исломии Ироқ ба Ҳейфои ишғолӣ
(last modified Tue, 05 Nov 2024 10:06:23 GMT )
Ноябр 05, 2024 15:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподии муқовимати исломии Ироқ ба Ҳейфои ишғолӣ

Муқовимати исломии Ироқ як ҳадафи ҳаётӣ дар бандари Ҳейфо, шимоли Фаластини ишғолиро бо паҳпод ҳадаф қарор дод.

Расонаи ҷанги муқовимати Ироқ дар баёнияе эълом кард, дар вокуниш ба наслкушии режими ғосиби саҳюнистӣ зидди ғайринизомиён, ба вижа кӯдакон, занон ва солмандони мардуми Фаластину Лубнон, муҷоҳидон, размандагони муқовимат як ҳадафи ҳаётӣ дар Ҳейфоро бо паҳпод ҳадаф қарор доданд.

Муқовимати Ироқ дар ҳафтаҳову моҳҳои гузашта ҳам аҳдофи ҳассосу муҳимро дар Элот, воқеъ дар ҷануби Фаластини ишғолӣ ҳадаф қарор дода буд.

Ин гуруҳ пештар ва дар амалиёти гузашта ба сарзаминҳои ишғолӣ ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, амалиёти худ зидди мавозеи ин режимро ташдид хоҳад кард.