Апрел 26, 2021 18:18 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон: Аз аввали соли 2021 дар ин кишвар ҳеч мавриди нави Ковиди 19 ба қайд гирифта нашудааст
    Эмомалӣ Раҳмон: Аз аввали соли 2021 дар ин кишвар ҳеч мавриди нави Ковиди 19 ба қайд гирифта нашудааст

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши бекорӣ, таваррум

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши байналмилалии Осиё ва Уқёнуси Ором таҳти унвони "Барқарорсозии иқтисодӣ пас аз бӯҳрони корона", ки ба тариқи маҷозӣ баргузор шуд, илова кард: Барои ташхиси саривақтӣ ва табобати беморони гирифтори вируси корона дар Тоҷикистон 30 беморхона бо ғунҷоиши 7 ҳазор кат фароҳам оварда шуда, 5 ҳазор табиб ва ҳамшираи тиб фаъол карда шуданд.

Раиси Ҷумҳурии  Тоҷикистон илова кард, ки аз аввали соли 2021 ягон ҳолати нави Ковиди 19 дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст.

 

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки пас аз тавсеаи Ковид 19 нархҳо дар Тоҷикистон 13 фоиз, маҳсулоти саноатӣ 5  ва 8  даҳум дарсад ва хизматрасонӣ 4 фоиз боло рафтанд.

 Вай изҳор кард : Ҳамчунин маҷмӯи тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон дар соли 2020 дар муқоиса бо соли қабл аз он 3 дарсад коҳиш ёфту таваррум низ ба 9  чаҳор даҳум  дарсад  расид, ки наздик ба ду дарсад  бештар аз соли 2019 буд. 
  
 Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Ҳукумати ин кишвар барои ҷуброни хисороти ворида ба қишрҳои осебпазири ҷомеъа кумакҳои молӣ расонд ва дар соли 2020 беш аз 193 ҳазор шуғли доим ва мавсимӣ эҷод кард. 
  
  Бештар бихонед: 

Барчасп