Баррасии таъсири тавофуқи оташбас бар эҷоди субот дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон
(last modified Sat, 01 May 2021 12:09:27 GMT )
Май 01, 2021 17:09 Asia/Dushanbe

Дар ҳоле ки даргириҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон ба бурӯзи талафоти камсобиқа  мунҷар шудааст, расонаҳои минтақа аз тавофуқи сарони Бишкек ва Душанбе барои барқарории сулҳ хабар додаанд .

Дар ҳамин иртибот расонаҳои минтақа гузориш додаанд, ки раисони ҷумҳӯрии Қирғизистону Тоҷикистон барои ҳалли буҳрони марзии бавуҷудомада миёни ду кишвар ба равишии мусолиматомез ба таври муваққат тавофуқ карданд .

   Ҷабборов дар ин гуфтугӯ гуфт : Қирғизистон қасд дорад бо гуфтугӯ ба мавзӯъоти байнидавлатӣ бипардозад ва аз вазъияти пойдор дар хатҳои муштараки марзӣ бо Тоҷикистон пуштибонӣ кунад .

Даргирӣ дар марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон ҳар бор ба баҳонае оғоз мешавад . Ин бор баҳонаи аслии даргириҳои ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ, насби дурбинҳои назоратӣ дар хати марз тавассути Тоҷикистон эълом шуд .

    Пеш аз оғози даргириҳо насби дурбинҳои назоратӣ аз суи давлати Тоҷикистон дар хати марзи ин кишвар бо Қирғизистон  бо эътирози марзбонони қирғиз  ру ба ру шуд. Ин давр аз даргириҳои марзӣ миёни сокинони манотиқи марзӣ ва нерӯҳои марзбонии Қирғизистону Тоҷикистони даҳҳо куштау захмӣ бар ҷой гузоштааст . Дар ин замина расонаҳои Бишкек аз кушта шудани камаш 31 тан ва захмӣ шудан 134 тани дигар хабар доданд . Манобеи хабарӣ дар Тоҷикистон низ теъдоди кушта шудагонро 15 тан  теъдоди захмиҳои дутарафро беш аз 90 тан эълом карданд .

    Аз замони истиқлоли Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 1991 милодӣ  далоили гуногуне аз ҷумла мушаххас набудани хати марз ва набуди аломатгузории марзҳои Қирғизистону Тоҷикистон заминаҳои бурӯзи даргириҳо миёни сокинони манотиқи марзии ду кишвари ҳамсояро фароҳам кардааст . Дар воқеъ  сокинони манотиқи рустоӣ дар манотиқи баҳси барангез дар қаламрави Қирғизистону Тоҷикистон ба манзур ёфтани обу чарои чорвоҳои худ дар манотиқи сарсабз борҳо бо якдигар даргир шудаанд ва теъдодӣ аз тарафҳо захмӣ шуданд ё ҷони худро аз даст додаанд . Гоҳе вақтҳо низ бо мудохилоти нерӯҳои низомӣ назири даргирии ахир шумори талафоти ду тараф афзоиш ёфтааст .

Бо оғози даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, Ҷумҳӯрии исломии Эрон, Русия, Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Миллал зимни ибрози нигаронӣ хостори поён додан ба даргириҳои ду тараф шуданд . Ба унвони мисол ،  Саиди Хатибзода-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар вокуниш ба даргириҳои марзии ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ зимни ибрози нигаронии шадид аз даргириҳои ахири Қирғизистону Тоҷикистон эълом кард : Теҳрон зимни қадрдонӣ аз тадбирҳои фаврии сарони ду кишвар, ки ба таваққуфи ин даргириҳо мунҷар шудааст, бар идомаи музокироти Бишкеку Душанбе то дастёбӣ ба ҳаллу фасли мусолиматомези ҳар гуна ихтилофи марзӣ таъкид кард .

  Дар ҳамин иртибот Рафиқ Сайфиддин-соҳибназар ва коршиноси барҷастаи узбак дар гуфтугӯ бо рӯзномаи русии Независимая газета  гуфтааст : " Иллати аслии бурӯзи ихтилофҳо  ҳал нашудани масойили марзӣ аст ва заду хурдҳо маҳдуд бӯдааст, аммо ин танишҳо ҳеч гоҳ ба рӯёрӯии миқёсӣ бадал нахоҳанд шуд " .

Дар ҷамъбандии куллӣ аз тавофуқи ахири сарони Бишкеку Душанбе бояд гуфт бо вуҷуди он, ки муноқишоти марзии феълӣ ба сурати муваққат мутаваққиф шуда, аммо тардиде нест ки мушкилоти калидии марзи  ду кишвари ҳамсоя ҳамчунон по бар ҷост . Бахусус ки ҳамчунон бахши муҳимме аз марзҳои ду кишвар аломатгзорӣ нашуда ва мушкилоти калидӣ дар заминаи дастрасӣ ба манобеи об, истифодаи рустоиён аз чарогоҳҳо, шеваи чигунагии тараддуди шаҳрвандон аз мавзӯъоти ҷуғрофиёӣ ва гиополитикии ҳаллу фасл нашуда миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон аст . Коршиносон  идомаи ин ихтилофҳо ва муноқишаҳои марзиро ба унвони яке аз омилҳои таъсиргузор ба манзури оғози дубораи даргириҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон қаламдод мекунанд .

 

  Бештар бихонед :