Теъдоде аз мусофирони ширкати хутути ҳавоии Урал натавонистанд аз Душанбе парвоз кунанд
(last modified Tue, 04 May 2021 13:27:38 GMT )
Май 04, 2021 18:27 Asia/Dushanbe
  • Теъдоде аз мусофирони ширкати хутути ҳавоии Урал натавонистанд аз Душанбе парвоз кунанд

Теъдоде аз мусофирони ширкати русии хутути ҳавоии Урал дар масири Душанбе ба Маскав бо вуҷӯди таҳияи билет аз қабл натавонистанд парвоз кунанд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, масъулони дафтари намояндагии ширкати ёдшуда дар Душанбе ба ин мусофирон гуфтаанд, ки билетҳои онон ба номи афроди дигар фурӯхта шуда ва бояд мунтазар бимонанд то ба ин мавзӯ расидагӣ шавад.

Гуфта мешавад, ки ба 19 мусофири ҷомонда аз ин парвоз ваъда додаанд, ки пас аз баррасии ин мавзӯ талош хоҳанд кард, ки дар парвози баъдӣ ононро савори ҳавопаймо кунанд.

Аммо дар бораи ин ки чигуна як билет ба чанд мусофир фурӯхта шудааст, аз додани тавзеҳ худдорӣ кардаанд.

Баррасии қимати билети ҳавопаймо барои ҳар мусофир дар дафтари Хадмоти ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе нишон дод, ки ин шохис 8 ҳазору 500 сомонӣ мебошад.

Дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона 80 дарсад аз коргарони муҳоҷири тоҷик, натавонистанд барои кор ба Русия раванд, акнӯн бо азсаргирии парвозҳои муназзами ҳафтаӣ ва чартерӣ ба Русия теъдоди зиёде аз ин афрод мехоҳанд ба ин кишвар сафар кунанд. Аммо теъдоди мутақозиёни зиёд ва билетҳо то авоили моҳи июн фурӯхта шудаанд.

Бештар бихонед:

Нархи билет барои сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия аз се кишвар