Андози замин барои соли 2021 бекор карда шуд
(last modified Thu, 06 May 2021 07:58:28 GMT )
Май 06, 2021 12:58 Asia/Dushanbe
  • Кишоварзони тоҷик имсол аз супоридани андози замин озод карда шуданд
    Кишоварзони тоҷик имсол аз супоридани андози замин озод карда шуданд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳукумат ва бо ислоҳи қонуни андоз, имсол кишоварзонро аз пардохти андози воҳид барои истифода аз замин озод кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник ,   вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ҳангоми баррасии ин тарҳ дар маҷлиси намояндагон гуфт: «Маблағи муъофияти солонаи кишоварзон аз пардохти андози воҳиди замин  140 миллион сомонӣ ( баробар бо 12 миллиону 200 ҳазор доллар ) мебошад, аммо ин касрии андоз дар буҷети ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби дарёфти молиёт  бар арзиши афзуда аз дигар  бахшҳо ҷуброн хоҳад шуд.» 

 Ба гуфтаи Қаҳҳорзода ҳукумати Тоҷикистон  инчунин 1 миллиард сомонӣ коғазҳои қиматноки давлатиро бо кредити 10-сола нашр хоҳад кард. 

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин бо муъофияти воридоти таҷҳизоти пизишкӣ ва дору ба маблағи 198 миллион сомонӣ мувофиқат кард.

Бо дар назар гирифтани ин муъофиятҳо имсол  касрии бахши даромадии буҷети ҳукумати Тоҷикистон ба 273 миллион сомонӣ хоҳад  расид. 

Пештар эълом шуда буд буҷети соли 2021 ҳукумати Тоҷикистон бо 400 миллион сомонии касрӣ тадвин шудааст, ки бояд аз ҳисоби кумакҳои хориҷӣ ва манобеи молии дохилӣ ҷуброн шавад.

 

Бештар бихонед: