Баргузории ҷаласаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
-
Муҳаммадшоҳи Абдуллоҳзода-дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Ҷаласаи коргурӯҳи иҷроии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд .
Муҳаммадшоҳи Абдуллоҳзода-дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ин ҷаласа гуфт : Дар се моҳаи аввали соли 2021 аз варзишкороне, ки барои касби муҷаввизи ҳузур дар бозиҳои олимпии 2020-и Токио дар рақобатҳои интихобӣ ширкат мекарданд, ҳимояти молӣ шуд .
Ӯ афзуд : Ҳар моҳ 17 варзишкор ба мусобиқоти интихобии мухталиф эъзом мешуданд .
Абдуллоҳзода идома дод : Аз 26 март то 4 апрели 2021 давраҳое ҳам барои омӯзиши аъзоии тимҳои миллии киштии озод ва самбо ва ҳамчунин тэквандо баргузор шуд, ки 45 варзишкор дар он ширкат карданд .
Муҳаммадшоҳи Абдуллоҳзода изҳор кард : 20 мактабии варзишӣ бо таҷҳизоти варзишӣ низ дар ин муддат баҳрабардорӣ шуд .
Ӯ гуфт : То кунун Баҳодур Усмонов,Шаббос Неъматуллоев-ду боксёри тоҷик ба бозиҳои олимпӣ роҳ ёфтаанд .
Бештар бихонед :