Ироаи тарҳҳои Тоҷикистон ба сармоягузорони Имороти муттаҳидаи арабӣ
Кумитаи давлатии идораи амвол ва сармоягузории Тоҷикистон барои ҷазби сармояи ширкатҳои Имороти муттаҳидаи арабӣ чанд тарҳ ироа кард.
Ба гузориши сайти Кумитаи давлатии идораи амвол ва сармоягузории Тоҷикистон, дар ҳамоиши иқтисодии ин кишвар бо намояндагони ширкатҳои Имороти муттаҳидаи арабӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, чанд тарҳи муҳим дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, ҳамлу нақл, энержӣ ва гардишгарӣ барои сармоягузорӣ ба тарафи Иморот ироа шуд.
Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ аз тавонмандиҳои зиёде бархурдор аст ва дар сурати мусоидати ширкатҳои иморотӣ метавонад бо ворид намудани фановариҳои пешрафта барои тавлид ва табдили маҳсулоти кишоварзӣ, содироти он ба кишварҳои ҳошияи халиҷи Форсро роҳандозӣ кунад.
Бар асоси гузориши Кумитаи давлатии идораи амвол ва сармоягузории Тоҷикистон, тайи солҳои 2007 то 2015 Имороти муттаҳидаи арабӣ дар иқтисоди ин кишвар беш аз 161 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Аз ин мизон, 73 миллион доллар сармоягузории мустақими Иморот дар иқтисоди Тоҷикистон аст.
Яке аз тарҳҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон, ки ширкатҳои иморотӣ сармоягузорӣ кардаанд, сохти роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хум, миёни устонҳои Хатлон ва Бадахшон будааст.