Тавзеъи рӯзонаи 150 килограмм палови тоҷикии ройгон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
(last modified Mon, 10 May 2021 15:32:28 GMT )
Май 10, 2021 20:32 Asia/Dushanbe
  • Шаби 27-уми Рамазон барои ифтор як тоннаю 800 кило палови тоҷикӣ пухта шуд
    Шаби 27-уми Рамазон барои ифтор як тоннаю 800 кило палови тоҷикӣ пухта шуд

Ба ҳиммат ва ибтикори ду фарди некӯкор дар деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд ҳар рӯз барои ифтори рӯзадорон 150 килограмм палови тоҷикӣ пӯхта ва ройгон тавзеъ мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,  Даврон Зокиров ва Маъруф Тоҷиев аз оғози моҳи мубораки Рамазон токунун бо кумаки афроди некӯкори ин деҳа рӯзона  150 килограмм палави тоҷикиро барои ифтор  таҳия ва тавзеъ мекунанд. 

Ин некӯкорон дар шаби 27 моҳи мубораки Рамазон, ки ба ривояте шаби  Қадр аст мизони ифтории тавзеъии худро ба як тонна  ва 800 килограмм расонданд. 

Даврон Зокиров гуфтааст, ки барои пухтани ин миқдор палави тоҷикӣ аз 150  кило  равған, 550 кило  сабзӣ, 120 килограмм гӯшт, 150 килограмм пиёз ва 450 килограмм биринҷ истифода шудааст. 

Вай аз сокинони ин деҳа, ки барои таҳия ва тавзеъи рӯзонаи ин мизон  ғизо ба манзури эҳсон ба рӯзадорон кумак кардаанд, қадрдонӣ кард. 

 

Бештар бихонед: