Консерти 5 забонаи хонандаи эронӣ дар моҳи мубораки Рамазон
(last modified Mon, 03 Feb 2025 11:59:53 GMT )
Феврал 03, 2025 16:59 Asia/Dushanbe
  • Консерти 5 забаонаи хонандаи эронӣ дар моҳи мубораки Рамазон
    Консерти 5 забаонаи хонандаи эронӣ дар моҳи мубораки Рамазон

Порс тудей- Овозхони эронӣ сеюмин консерти худро бо панҷ забони ҷаҳон дар ростои моҳи шарифи Рамазон баргузор мекунад.

Овозхони эронӣ Эҳсон Ёсин сеюмин консерти худро, ки ба моҳи шарифи Рамазон рост меояд, бо панҷ забон: форсӣ, англисӣ, арабӣ, курдӣ ва озарӣ баргузор мекунад.

Ба гузориши Порс тудей, ба нақл аз ИРНА, Ёсин дар ин консерт порчаҳое аз албоми "Моҳи ман"-и худ бо чанде аз осори тозаи худ бо ҳамроҳии оркестр ва хори "Сана" иҷро хоҳад кард.

Эҳсон Ёсин соли 1999 ба дунё омада, дар риштаи эҷоди мусиқии ирфонӣ ва исломӣ фаъолият мекунад. Вай муътақид аст, ки ин сабки мусиқӣ танҳо ба забонҳо, кишварҳо ва марзҳо маҳдуд нест ва бояд осори ин сабк ба ҳар забоне эҷод шавад.

Осори ин сароянда умдатан ба забонҳои форсӣ, инглисӣ ва арабӣ аст, аммо фаъолияти Ёсин ба ин забонҳо маҳдуд нест ва дар осори ӯ ҳамкориҳо ва ҳамоҳангӣ бо рассомони кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Миср, Канада, Амрико, Кореяи Ҷанубӣ, Албания ва Индонезия низ ҷой дорад.