Русия тавофуқномаи таъсиси сомонаи дифои ҳавоӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард
(last modified Wed, 12 May 2021 13:57:07 GMT )
Май 12, 2021 18:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоҳангии фаъолияти сомонаи ҷадид бо фармондеҳи неруи ҳаво- фазоии Русия хоҳад буд
    Ҳамоҳангии фаъолияти сомонаи ҷадид бо фармондеҳи неруи ҳаво- фазоии Русия хоҳад буд

Нахуствазири Русия тавофуқномаи таъсиси сомонаи воҳиди дифои ҳавоӣ бо Тоҷикистонро барои муддати 5 сол имзо кард.

Ба гузориши сомона ТАСС, Михаил Мишустин бо имзои ин тавофуқнома эълом кард, ки ин тарҳ бо мувофиқати вазоратҳои умури хориҷа ва дифои Русия ба тасвиб расидааст.

Ҳадаф аз ин иқдом афзоиши тавони муқобила бо ҳар навъ таҳаррукоти душмани фарзӣ барои вуруд ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон эълом шудааст.

Ба далели фосилаи зиёд миёни Тоҷикистону Русия тасмим гирифта шудааст, ки сомонаи дифои ҳавоии муштарак миёни Душанбе ва Маскав ба унвони бахше аз барномаи дифои ҳавоии минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои узви Ҷомеъаи ҳамсуд фаъол шавад.

Ҳамоҳангии фаъолияти сомонаи ҷадид бо генерал Сергей Суровикин, фармондеҳи нерӯи ҳаво- фазоии Русия хоҳад буд.

Тавофуқ бар сари таъсиси ин сомонаи дифои ҳавоӣ 27 апрел дар сафари генерал Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба Душанбе сурат гирифт.

Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201 артиши Русия ба унвони бузургтарин маркази нерӯи заминии ин кишвар дар хориҷ мустақар аст, ки муддати фаъолияти он то соли 2042 тамдид шудааст.

 

Бештар бихонед: