Май 12, 2021 19:04 Asia/Dushanbe
  • Интизор меравад даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик афзоиш  ёбад
    Интизор меравад даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик афзоиш ёбад

Бонки Рушди Авруосиё афзоиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири ин кишвар аз Русияро, аз далелҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон дар се моҳи нахусти имсол эълом кардааст.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, коршиносони ин бонк таъкид кардаанд, ки дар се моҳи нахусти имсол рушди иқтисодии Тоҷикистон ба 7,5 дарсад расидааст, ки пас аз рукӯди ношӣ аз паёмадҳои густариши вируси корона дар соли 2020 натиҷае умедворкунанда ба ҳисоб меояд.

Барасоси омори Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2020 даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия якмиллиарду 538 миллиондоллар будааст, ки дар муқоиса бо соли қабл 95 миллиондоллари коҳиш нишон медиҳад.

Аммо Бонки марказии Русия эълом кардааст, ки дар соли 2019 коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон якмиллиарду 741 миллиондоллар ирсол карданд, ки ин шохис дар соли 2019 наздик ба 2 миллиарду 576 миллиондоллар буд.

Акнӯн бо афзоиши парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия ва бештар шудани сафари коргарони муҳоҷири тоҷик барои кор интизор меравад, ки мизон даромади ирсолии ин афрод ба кишварашон афзоиш ёбад.

 

Бештар бихонед: