Июл 14, 2016 11:29 Asia/Dushanbe
  • Баррасии кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ ба бозсозии нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак

Вазорати молияи Тоҷикистон ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар умури энержӣ дар дидоре дар Душанбе, мавзӯи кумаки молии ин ниҳод ба таъмир ва бозсозии нерӯгоҳи барқӣ-обии Норакро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши дабирхонаи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар дидори Абдуссалом Қурбониён ва Ронҷимит Лемек ба тарҳи ҷомеъи таъмир ва бозсозии таҷҳизотии нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак ва саҳми молии Бонки ҷаҳонӣ дар иҷро шудани ин барнома баҳс ва табодули назар шуд.

Бар асоси гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон барои барномаи таъмир ва бозсозии таҷҳизотии нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак ниёз ба 600 миллион доллар вуҷӯд дорад, ки ин мавзӯ дар музокира бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки рушди Исломӣ, Бонки зерсохтҳои Осиё ва Бонки рушд ва босозии Аврупо дар ҳоли баррасӣ мебошад.

Нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак бо сади 300 метрии хеш бузургтарин нерӯгоҳ аз ин навъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки 40 сол қабл ба баҳрабардорӣ расидааст ва имрӯз ниёз ба таъмир ва бозсозии таҷҳизотӣ дорад. Ин нерӯгоҳ бо 9 турбин аз тавлиди беш аз 11 миллиард киловат/ соат барқ дар сол бархӯрдор мебошад ва дар ҳоли ҳозир 70 дарсад аз барқи мавриди ниёзи Тоҷикистонро таъмин мекунад.