Ифтитоҳи фурӯшгоҳи дунёи паррандагон дар шаҳри Хуҷанд
Фурӯшгоҳи "Дунёи паррандагон ва ҳайвонот" дар Хуҷанд ифтитоҳ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз кумитаи ҳифозат аз муҳити зисти Тоҷикистон ин фурӯшгоҳ дар маҳаллаи Мевагули шаҳри Хуҷанд гушоиш ёфтааст.
Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳадаф аз кушодани ин фурӯшгоҳ муаррифии зебоии олами паррандаҳо ва ҳайвонот ба мардум, хусусан кӯдакон ва наврасон ва баланд бардоштани маърифати мардум дар бораи ҳифзи муҳити зист будааст.
Дар ин фурӯшгоҳ 25 намуди паррандаҳо, 50 намуди моҳӣ, 10 намуди гурба ва хазандаҳои гуногун нигоҳ дошта мешаванд.
Дар ин фурӯшгоҳ ҳама намуди қафасҳо, аквариумҳо, хӯроки мурғ ва чорво барои фурӯш барои муштариён ба намоиш гузошта шудаанд.
Бештар бихонед: