Як тоҷикистонӣ барои 30 сол аз вуруд ба Русия манъ шуд
Мақомоти амниятӣ дар вилояти Худмухтори Ёқутистони Русия як шаҳрванди 47 солаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми ироаи иттилооти дуруғин ҳангоми дарёфти тобеияти русӣ аз ин кишвар ихроҷ ва ба муддати 30 сол вуруди вайро ба Русия мамнӯъ кардаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, дар ин иттилоъия номи ин табааи Тоҷикистон зикр нашуда ва эълом шудааст, ки вай ки дар даҳаи 1990 дар таркиби як гурӯҳи террористӣ дар ҷанги дохилии Тоҷикистон мушорикат доштааст бо ҳадафи пинҳон кардани савобиқи худ дар ин замина, ба номи дигаре аснод ва мадорики ҷаълӣ таҳия карда ва бо ин мадорик вориди Русия шудааст.
Таҳқиқот нишон додааст, ки ин фард барои гирифтани тобеъияти Русия низ ҳувияти воқеии хешро пинҳон ва иттилооти дуруғин ироа карда буд, ки бар ин асос тобеъияти русии вай низ бекор шудааст.
Бештар бихонед: