Шарти ҷадиди вуруди атбои Тоҷикистон ба Русия
Аз аввали сентябри соли ҷорӣ вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба вижа коргарони муҳоҷири кишвар ба Русия танҳо бо доштани барномаи сафар бидуни Ковиди 19 дар телефони мобилии ин афрод имконпазир хоҳад буд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ҳукумати Русия тарҳи илзомӣ шудани насби ин нармафзорро дар телефони мобилии мутақозёони сафар ба ин кишвар тасвиб кард.
Замони иҷроӣ шудани ин барнома барои тоҷикҳо аввали сентябри соли ҷорӣ таъин шудааст.
Ин барнома дар ҳоли ҳозир барои атбоъи кишварҳои узви Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё – Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон барои сафар ба Русия иҷроӣ шудааст.
Дар ин барнома, иттилооти озмоиши манфии вируси корона барои мутақозиёни сафар ба Русия, ки дар кишвари хеш анҷом додаанд, гунҷонда хоҳад шуд, ки ҳангоми вуруд ба Русия мавриди баррасӣ ва таъйид қарор хоҳад гирифт.
Бо ин иқдом аз аввали сентябри соли ҷорӣ заминаи вуруди атбоъи Тоҷикистон ба вижа коргарони муҳоҷири ин кишвар ба Русия бо низоми электроникӣ ва ҳазфи гувоҳиномаи коғазӣ ҳамроҳ бо манфӣ бӯдани озмоиши Ковиди 19 фароҳам мешавад.
Бештар бихонед: