Июл 09, 2024 13:32 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон дар Русия бо тоҷикони муқими минтақа

Сафири Тоҷикистон бо раиси Донишгоҳи давлати иқтисодии Урали Русия ва тоҷикони муқими минтақаи Свердловскийи ин кишвар дидор кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар федератсияи Русия бо Силин Яков, раиси Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал дидор кард.

 Дар ин дидор тарафҳо дар хусуси омодасозии мутахассисон табодули назар карданд.

 Ҳамчунин масоили марбут ба таҳсили донишомӯзони тоҷик дар ин муассиса аз ҷумла вазъияти таҳсил ва маишати онон мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

 Сафири Тоҷикистон дар Русия пас аз дидор бо раиси ин донишгоҳ, бо донишҷуён, ҷавонон, раҳбарони ҷомеъаҳои фарҳангии тоҷикҳо гуфтугӯ кард.

 

Барчасп