Вазирони хориҷаи кишварҳои СПАД бо Эмомалӣ Раҳмон дидор карданд
Раисиҷумҳурии Тоҷикистон бо вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД, ки рӯзи чаҳоршанбе 19 моҳи май дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи ин ниҳод дар Душанбе ширкат ва чуханронӣ карданд, дидор ва гуфтугӯ кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор таъкид кард, Тоҷикистон имсол ба унвони раиси давраии СПАД барои таҳкими бештари ҳамкориҳои ин ниҳод, нишастҳои вазирони дифо ва дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узвро дар Душанбе баргузор кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳузури вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД дар Душанбе ва музокироти онон дар бораи ҳамкории кишварҳои узв дар мавзӯи Афғонистон, амнияти Осиёи Марказӣ, муборизаи муштарак бо терроризм, ифротагарӣ ва бондҳои фаромилии қочоқи маводи мухаддир ибрози хурсандӣ кард.
Дар ин нишаст, ки вазирони умури хориҷаи Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ба раёсати Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳузур доштанд, тавофуқномаи ҳамкории кишварҳои узви ин созмон барои шаш моҳи дувуми имсол ва нимаи нахусти соли 2022 имзо шуд.
Тоҷикистон дар соли 2021 раёсати давраии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро бар ӯҳда дорад.
Бештар бихонед:
- Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони хориҷаи кишварҳои узви СПАД
- Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо дабирони Шӯрои амнияти аъзои СПАД
- Душанбе мизбони вазирони дифо ва дабирони амнияти СПАД