Май 20, 2021 09:41 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Душанбе бо ҳадафи тамаркуз бар масоили рӯз ва арзёбии таъсир бар амнияти кишварҳои узв баргузор шуд
    Нишасти Душанбе бо ҳадафи тамаркуз бар масоили рӯз ва арзёбии таъсир бар амнияти кишварҳои узв баргузор шуд

Нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) ба раёсати вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аз рӯзи чаҳоршанбе (19 май) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Сарони ниҳодҳои дипломатии кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, вазъият ва дурнамои тавсеъаи авзоъи байналмилалӣ ва минтақаӣ ва таъсири он бар амнияти кишварҳои узвро баррасӣ карданд.

Илова бар ин, мавзуоте монанди тамдиди Паймони “Старти 2”, 75-умин солгарди судӯри ҳукми додгоҳи низомии байналмилалӣ дар Нюрнберг дар дастури кори ин нишаст қарор дошт.

Раёсати давраии СПАД дар соли ҷории милодӣ бори дигар ба Тоҷикистон вогузор шуд. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон раёсати нишасти Душанберо ба ӯҳда дошт.

Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус аз аъзои СПАД маҳсуб мешаванд. Нишасти Душанбе бо ҳадафи тамаркуз бар масоили рӯз ва чашмандозҳои тавсеъа дар шароити байналмилалӣ ва арзёбии таъсир бар амнияти кишварҳои узв баргузор гардид, ин нахустин сол нест, ки Тоҷикистон раёсати СПАД-ро бар ӯҳда гирифтааст. Пеш аз ин низ мақомҳои давлати Душанбе дар масдари умури ин созмон қарор доштанд. Ба унвони мисол, дар соли 2015, ки Тоҷикистон раёсати СПАД-ро ба ӯҳда гирифт, дархости мушаххасе аз ин созмон матраҳ кард.

Дар нишасти соли 2015, ки раёсати ин созмонро ба Тоҷикистон вогузор шуд, давлат пешниҳод карда буд, Шӯрои низомии ин созмон бо ҳузури раисони ситодҳои кулли кишварҳои узв мавқеъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кунанд.

Шояд ба ҳамин далел будааст, ки ахиран давлати Арманистон талош кардааст то ба матраҳ кардани мушкилоташ бо ҷумҳурии Озарбойҷон, аз ин кишвар имтиёз бигирад.

Дар ҳамин иртибот, Фарҳод Маҳдиев, коршиноси ҳуқуқ ва умури сиёсӣ аз ҷумҳурии Озарбойҷон гуфтааст: "муроҷиаи Арманистон ба СПАД комилан бенатиҷа хоҳад буд, чаро, ки аввалан аксари аъзои ин созмон, кишварҳое дорои равобит дар сатҳи болое бо ҷумҳурии Озарбойҷон ҳастанд ва бар асоси манофеъи миллии худ амалиёти равонии Арманистонро ба диққат баррасӣ карда ва дар канори ҷумҳурии Озарбойҷон қарор мегиранд. Сониян ин кишварҳо ба хубӣ медонанд, ки ҷумҳурии Озарбойҷон баракси Арманистон собиқаи таҷовуз ба арозии дигар кишварҳоро надошта ва дар ҳоли ҳозир ҳам ба дунболи таъйини марзҳои расмии худ дар чорчӯби марзҳои таъйин шудаи Созмони милал аст. Дар натиҷа интизори Арманистон аз СПАД барои судӯри ҳукме дар ҷиҳати манофеъи Ереван комилан беҳудааст".

Ба ҳар ҳол, тардиде нест, ки кишварҳои узви СПАД бо узвият дар ин созмон талош мекунанд, мушкилоти худро ҳал кунанд.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, гурӯҳе амнияти минтақаӣ шомили 6 кишвари Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аст, ки нахустинбор дар соли 1992 дар Тошканди Узбекистон шакл гирифт.

Аммо узвияти Узбекистон аз соли 1999 ба ҳолати таълиқ даромад, вале пас аз он дар соли 2006 Узбекистон бори дигар ба узвияти дубораи ин созмон даромад. Бо вуҷӯди ин, дар соли 2012  Узбекистон бо эъломи ин ки дидгоҳҳояш аз сӯи созмон нодида гирифта мешавад, ба узвияти худ поён дод.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп