Октябр 26, 2016 12:42 Asia/Dushanbe
  • Вазорати молия фаъолияти ТАЛКО-ро зиёновар донист

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) дар робита ба гузаштан ба низоми толлингӣ ба вазъи молии номусоид дучор шуд. Айни замон аз ҳисоби истеҳсоли ҳар як тонна алюминии толлингӣ ширкат дар ҳаҷми 100 доллар зиён мебинад.

Ба иттилои Азия-Плюс, тибқи таҳлилҳои Вазорати молия, гузаштани ТАЛКО ба низоми толлингӣ ба хароҷоти бесамар, ношаффоф будани ҳисоботи молиявӣ ва қарордодҳо, зиёд гардидани хароҷоти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ва зиёд гардидани қарзҳои дебиторию кредиторӣ боис гардидааст.

Гуфта мешавад, даромадҳои ТАЛКО аз фаъолияти истеҳсолӣ давоми солҳои 2010-2015 3,9 млрд. сомонӣ (1,6 млрд. $)-ро ташкил дода, бо назардошти тиҷорати хориҷӣ ширкат нишон додааст, ки 10 млрд. сомонӣ (2,7 млрд. $) ба даст овардааст. «Дар ҳисоботи худ ширкат даромад дар ҳаҷми 3,8 млрд. сомонӣ (1,1 млрд. $) аз ҳисоби тиҷорати хориҷиро зикр накардааст», - омадааст дар ҳисоботи Вазорати молия.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ҳаҷми истеҳсоли алюминий ҳамасола ба ҳисоби миёна ба андозаи 12% кам шуда, аз 348,8 ҳазор тонна дар соли 2010 то ба 139,1 ҳазор тонна дар соли 2015 коҳиш ёфтааст.

Айни ҳол, шумори умумии коргарони ТАЛКО аз 10 ҳазору 166 нафар дар соли 2010 то ба 7 ҳазору 623 нафар дар соли 2015 кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ТАЛКО аз нашри арзёбии Вазорати молияи Тоҷикистон дар бораи вазъи ин ширкат нигаронӣ карданд.