Дидори раисони ҷумҳӯри Тоҷикистону Қазоқистон; тавсеъау густариши равобит- меҳвари музокирот
(last modified Thu, 20 May 2021 11:05:00 GMT )
Май 20, 2021 16:05 Asia/Dushanbe
  • Қосимжомарт Тақоев-раиси ҷумҳӯри Қазоқистон бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард
    Қосимжомарт Тақоев-раиси ҷумҳӯри Қазоқистон бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард

Раисони ҷумҳӯри Тоҷикистону Қазоқистон дар шаҳри Душанбе бо якдигар дидор карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Қосимжомарт Тақоев-раиси ҷумҳӯри Қазоқистон, ки дар сарварии як ҳайат аз мақомоти олирутбаи ин кишвар ворид Тоҷикистон шуда бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри ин кишвар мулоқот кард .

  Дар ин дидор ҷанбаҳои муҳими равобити байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон, масоили минтақаиву байналмиллалӣ, вазъияти феълӣ ва чашмандози равобити Душанбе  бо Нурсултон баҳсу баррасӣ шуд .

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон аз нақши Тақоев ва Нурсултон Назарбоев-нахустин раиси ҷумҳӯри Қазоқистон дар тавсеъау густариши ҳамаҷонибаи равобити байни ду кишвар ва расондани он ба сатҳи мушорикати роҳбурдӣ қадрдонӣ кард .

Вай таъкид кард: Мо қасд дорем ба талошҳои лозим барои тавсеъаи бештари ҳамкории байни ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо идома диҳем .

Тарафҳо дар ин музокирот дар мавриди тавсеъау густариши равобити ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ – дипломатӣ, байнипорлумонӣ, тиҷорӣ – иқтисодӣ, илмӣ – фаннӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, амният  ва дигар ҳавзаҳои муҳиму судманд табодули назар карданд .

Дар ин дидор ҳамчунин дар мавриди пуштибонии мутақобил дар заминаи мубориза бо корона ва иҷрои иқдомоти лозим барои коҳиши таъсири пандемия бар иқтисоди ду кишвар баҳс ва таъкид шуд .

Тарафи тоҷик алоқаи худ барои ҳамкорӣ бо Қазоқистон дар заминаи рақамӣ кардани иқтисод, навоварӣ ва воридоти фанновариҳои модерн, эҷоди ширкатҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти маҳсулоти созгор бо муҳити зист ба Қазоқистон, эҷоди марказҳои яклухтфурӯшии муштарак дар хоки Тоҷикистон ва истифодаи комил аз манотиқи озоди иқтисодии ин кишвар иброз дошт .

 

  Бештар бихонед :