Май 20, 2021 19:28 Asia/Dushanbe
  • иҷлоси Шӯроии вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, ки имрӯз дар Душанбе баргузор шуд
    иҷлоси Шӯроии вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, ки имрӯз дар Душанбе баргузор шуд

Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон гуфт : Раёсати ин кишвар дар Созмони паймони амнияти ҷамъӣ қабл аз ҳама бар тавсеъаи бештари системаи амнияти ҷамъӣ, суботи минтақаӣ ва тақвияти марзҳои ҷанубии ин созмон мутамаркиз аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддини Муҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар дар нишасти хабарии поёни иҷлоси Шӯроии вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, ки имрӯз ба мизбонӣ ва ба раёсати ин кишвар дар Душанбе баргузор шуд, суханронӣ кард .

Вай дар суханоне ҷаласаи имрӯзро нишасти поёнии ҷаласоти байнинаҳодии Паймони амнияти ҷамъӣ дар фасли баҳор, ки ба раёсати Тоҷикистон баргузор шуданд, эълом кард .

Муҳриддин афзуд : Ба унвони раиси Созмони паймони амнияти ҷамъӣ мо ҳамеша аз усӯли мундараҷ дар маншури созмони мазкӯр пайравӣ мекунем .

Вазири  умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард, ки роҳбурди раёсати ин кишвар дар Созмони паймони амнияти ҷамъӣ бар тавсеъаи бештари системаи амнияти ҷамъӣ ва суботи минтақаӣ мутамаркиз аст .

Вай гуфт, ки қабл аз иҷлос вазирони хориҷаи Паймони амнияти ҷамъӣ бо раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон мулоқот карданд, ки дар он  Эмомалӣ Раҳмон бо дар назар гирифтани сиюмин солгарди имзои таъсиси ИДМ  ва бистумини солгарди Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, дабири кули созмони мазкӯрро барои таҳияи гузориши талфиқӣ дар ҳамгароӣ бо кишварҳои узв дар мавриди фаъолияти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ барои давраи гузашта ، муваззаф кард .

  Бинобар суханони Муҳриддин мутобиқ бо пешниҳоди раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои узв, тамоми талоши худро анҷом хоҳанд дод, то ин санади ҷомеъ дар соли 2022 милодӣ  дар иҷлоси ояндаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба тасвиб бирасад .

Вай афзуд : Ин барномаро, ки раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон пешниҳод карда ба навъе нақшаи роҳе аст, ки муҳимтарин рӯйдодҳои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар соли ҷориро пӯшиш медиҳад .

Вай гуфт : Таи моҳҳои ахир коршиносони мо иқдомоти бисёр самарабахше анҷом доданд ва мушовираҳои намояндаҳои вазоратхона ва ниҳодҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар заминаи мавзӯъоти сиёсати хориҷӣ, амният ва дифоъ барои нимаи дувуми соли 2021 ва нимаи аввали соли 2022 милодӣ анҷом доданд .

Муҳриддин дар идома афзуд : Ин тарҳ низ имрӯз аз сӯи вузарои умӯри хориҷаи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ тасвиб шуд .

  Бинобар суханони вай мавзӯи марбут ба авзоъ дар Афғонистон дар нишасти имрӯзи Шӯрои вузароии умӯри хориҷаи Паймони амнияти ҷамъӣ мавриди тавваҷуҳи вижа қарор гирифт .

  Ӯ изҳор кард: Мушкили Афғонистон ба таври мустақим бар авзоъи минтақаи Осиёи марказӣ ва Созмони паймони амнияти ҷамъӣ таъсир мегузорад .

 

   Бештар бихонед :

 

Барчасп