Ифтитоҳи маркази дармонии ноҳияи Сангвори Тоҷикистон
Май 20, 2021 20:03 Asia/Dushanbe
Маркази дармонии кӯдакони ноҳияи Сангвор ифтитоҳ шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин маркази дармонӣ бо кумаки молии Жопун сохта шудааст .
Дар маросими ифтитоҳи ин тарҳ Миошито Токоёки-сафири Жопун дар Тоҷикистон ва Муҳаммадшоҳ Давлатзода-раиси ноҳияи Сангвор ҳузур доштанд .
Жопун барои сохти ин маркази дармонӣ 90 ҳазор доллар сарф кардааст .
Ин маркази дармонӣ ҳашти бахши тахассусӣ дорад .
Давлати Жопун аз соли 1996 то кунун ҳудуди 421 тарҳи башардӯстона бо эътбори молии 34 миллион доларро дар Тоҷикистон иҷро кардааст .
Бештар бихонед :