Май 25, 2021 10:03 Asia/Dushanbe
  • Бозӣ бо натиҷаи мусовии бидуни гол хотима ёфт
    Бозӣ бо натиҷаи мусовии бидуни гол хотима ёфт

Дидори дӯстона ва тадорукотии дастаҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Ироқ дар шаҳри Басра бо натиҷаи мусовӣ бидуни гол ба поён расид.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона  байни тимҳои миллии футболи Ироқ ва Тоҷикистон шомгоҳи душанбе  24 май соати 21 ва 30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи Басра баргузор шуд, аммо ҳеч барандае надошт. 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳамроҳии 21 бозикун, 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар барои бозии дӯстона бо тими миллии футболи Ироқ  вориди Басра шуда буд. 

Ин дувумин дидори ин ду тим аст ва нахустин дидор дар рӯзи 3 августи соли 1999 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо пирӯзии як бар сифри  тоҷикҳо ба поён  расид. 

Бозии баъдии тадорукотии тими миллии футболи Тоҷикистон барои омодагии мусобиқоти ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2022, 29 май бо тими миллии футболи Тайланд дар варзишгоҳи шаҳри Шорҷаи Иморот баргузор мешавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп