Май 26, 2021 19:32 Asia/Dushanbe
  • ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон
    ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз иқдоми Қирғизистон дар бозгардондани ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон бо 200 мусофир аз фурӯдгоҳи Бишкек ба Душанбе интиқод кард.

Ба гузориши сомонаи Pressa.tj, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ҷониби Қирғизистон бидуни огоҳии расмӣ ва қаблӣ, ҳавопаймои “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Бишкек қабул накард.

Як ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон, ки шаби 25-уми май ба Бишкек парвоз карда буд, пас аз чаҳор соати интизорӣ, субҳи 26-уми май дубора бо мусофиронаш ба Душанбе пас гашт. Мақомоти Қирғизистон ба тақрибан 200 мусофири ҳавопаймо иҷозаи вуруд ба хоки ин кишварро надодаанд.

Аз Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷониби Қирғизистон қаблан Тоҷикистонро огоҳ накард,ки ин парвозро қабул намекунанд. “Вобаста ба ин масъала ҷониби Қирғизистон ба мо ҳеҷ маълумоти расмӣ ироа накардааст”,-гуфттаст манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Айни замон ҳудуди сад мусофири дигари тоҷик, ки бояд ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигар раванд, дар фурудгоҳи Бишкек банд мондаанд. 

Ин дар ҳоле аст, ки як рӯз қабл Улғубек Маъруфов, нахуствазири Қирғизистон дар сафар ба вилояти Ӯш дар марз бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон эълом кард, ки то ҳаллу фасли мушкили аломатгузории марзи муштараки ду кишвар, тамомии гузаргоҳҳои марзӣ баста хоҳад монад.

Ҳукумати Қирғизистон низ дар баёнияе таъкид кардааст, ки рафту омад аз марз бо Тоҷикистон танҳо барои кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои ду кишвар ва аъзои хонаводаҳои онон, кормандони ниҳодҳои хориҷӣ ва мақомоти расмии Душанбе ва Бишкек бо ҳамоҳангии қаблӣ имконпазир аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп