Боздошти 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Қирғизистон
(last modified Sun, 30 May 2021 07:01:30 GMT )
Май 30, 2021 12:01 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон ба тозагӣ марзҳои ҳавоӣ ва заминии худро бо Тоҷикистон бастааст
    Қирғизистон ба тозагӣ марзҳои ҳавоӣ ва заминии худро бо Тоҷикистон бастааст

Марзбонони Қирғизистон дар ду иқдоми ҷудогона 5 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи АКИ пресс, дар нахустин маврид марзбонони қирғиз ду сокини ноҳияи Исфараро ҳангоми ҷустуҷӯи чорвоҳои худ дар наздикии рӯстои Хоҷаи Аъло боздошт ва муддате баъд озод карданд .

Ин ду пас аз озодӣ дар идораи полиси ноҳияи Исфара аз зарбу лати худ ба дасти марзбонони қирғиз шикоят кардаанд .

   Дар мавриди дувум низ се шаҳрванди 41, 39 ва 20-солаи Тоҷикистон шабона ҳангоми бозгашт ба ноҳияи Лахши Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷон-Олойи вилояти Уши Қирғизистон боздошт шуданд .

  Ин афрод гуфтаанд, ки дар як коргоҳи хиштпазӣ дар Бишкек кор мекарданд ва пас аз баста шудани марзҳо талош кардаанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд .

   Ин се тоҷик ҳамакнун дар боздоштгоҳи муваққати нерӯи марзбонии Қирғизистон дар ноҳияи Ҷон-Олой ба иттиҳоми гузари ғайриқонунӣ аз марз нигаҳдорӣ мешаванд.

Пас аз даргирии хунини марзии рӯзҳои 28 ва 29 апрели  соли ҷорӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз, ки беш аз 300  куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, Қирғизистон марзҳои ҳавоӣ ва заминии худро бо Тоҷикистон баста аст .

 

  Бештар бихонед :