Касби нишони биринҷии ду муштзани тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё
Май 30, 2021 20:49 Asia/Dushanbe
Ду варзишкорзани Тоҷикистон дар мусобиқоти бокси қаҳрамонии Осиё нишони биринҷӣ касб карданд.
Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқарнайнова, боксёри зани тоҷик дар вазнҳои 57 ва 60 километр дар ин рақобатҳо ширкат карданд.
Самадова тавонист Ситора Турдибекова, боксёри қазоқистониро бо натиҷаи 5 бар 0 мағлуб кунад, аммо Шоира Зулқарнайнова, дигар намояндаи Тоҷикистон дар масоф бо Ҳуснон Ҳусҷотун, варзишкоре аз Индонезия 3 бар 2 натиҷаро ба ҳарифаш вогузор кард .
Мусобиқоти бокси қаҳрамонии Осиё, ки аз 24 май дар Дубай оғоз шудааст то 31 май идома дорад.
Бештар бихонед: