Май 30, 2021 21:16 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири нақлиёти Тоҷикистон бо намояндагони ниҳодҳои молии минтақаӣ

Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар дидор бо намояндагони муассисоти молии минтақаӣ, роҳҳои афзоиши сармоягузориро баррасӣ кард.

Ба гузориши Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон, роҳҳои афзоиши сармоягузорӣ дар тарҳҳои ҷодаӣ ва роҳи оҳан ва идомаи кумакҳои билоивази ниҳодҳои молӣ барои бозсозӣ ва эҳдоси бузургроҳҳо дар Тоҷикистон, аз муҳимтарин мавзӯоти матраҳшуда дар дидори Азим Иброҳим бо намояндагони бонкҳои минтақаӣ буд.

Ҳамакнун бо ҳимояти молии Бонки Рушди Осиё ду тарҳи ҷодаӣ дар минтақаи Хатлон ва эҳдоси бузургроҳи Душанбе – Бохтар бо маблағи 157 миллион доллар дар ҳоли иҷро аст.

Ба гуфтаи мақомот, ҳамкории Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо Бонки Рушди Осиё аз соли 2000 оғоз шуд ва то кунун 12 тарҳ бо ҳимояти ин ниҳоди молии минтақаӣ дар Тоҷикистон иҷро шудааст.

Ҳамчунин гуфта шуда, ки бо кумаки 110 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё марҳалаи аввали эҳдоси бузургроҳи Оби гарм - Нуробод оғоз шудаву паймонкори мошинолоту таҷҳизоти роҳсозиро дар маҳал мустақар кардааст.

Бонки Рушди Осиё дар 19 ноябри соли 2020 низ ҳудуди 67. 5 миллион доллар барои эҳдоси бузургроҳҳои Ҳулбқк - Темур Малик - Хуҷанд ва Бохтар - Гулистон ҷудо кард .

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ин мулоқот пешниҳод кард, ки ҳамкории байни тарафайн дар тавсеаи зерсохтҳои ҳамлу нақли шаҳрӣ ниёз ба тавваҷуҳи бештаре дорад. Зеро шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик ба як калоншаҳр бо ҷамъияти 900 ҳазор нафар табдил хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: