Июн 01, 2021 17:51 Asia/Dushanbe
  • Баррасии масоили марзӣ дар дидори мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд.

Ба гузориши вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, 31 майи соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбоев мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқот табодули афкор атрофи вазъи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.

Ҳамсуҳбатон масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Н.Ализода қайд намуд, ки Тоҷикистон азм дорад, бо дарназардошти манфиатҳои миллии худ ва бо ҷустуҷӯи қарорҳои ба ҳарду ҷониб муносиб раванди музокирот марбут ба аломатгузории марзиро  пайгирона идома диҳад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп