Сохти маркази дармонӣ дар вилояти Хатлон
Июн 02, 2021 18:24 Asia/Dushanbe
Маркази дармонӣ дар яке аз деҳаҳои вилояти Хатлон сохта шуд.
Ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ин маркази дармонӣ ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар деҳаи Обшорони вилояти Хатлон ифтитоҳ шуд.
Ин марказ зарфияти пазириши рӯзона 50 беморро дорад.
Аҳолии деҳа дар маросими ифтитоҳи ин маркази дармонӣ, зимни сипос аз масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои сохти ин марказ, хостори таваҷҷуҳ ва ҳимояти бештари мақомот аз сокинони ин вилоят шуданд.
Бештар бихонед:
- Боздиди нахуствазири Тоҷикстон аз манотиқи селзада дар вилояти Хатлон
- Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз авзои касбу кор дар вилояти Хатлон