Июн 02, 2021 18:24 Asia/Dushanbe
  • Сохти маркази дармонӣ дар вилояти Хатлон

Маркази дармонӣ дар яке аз деҳаҳои вилояти Хатлон сохта шуд.

Ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ин маркази дармонӣ ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар деҳаи Обшорони вилояти Хатлон ифтитоҳ шуд.

Ин марказ зарфияти пазириши рӯзона 50 беморро дорад.

Аҳолии деҳа дар маросими ифтитоҳи ин маркази дармонӣ, зимни сипос аз масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои сохти ин марказ, хостори таваҷҷуҳ ва ҳимояти бештари мақомот аз сокинони ин вилоят шуданд.

 

Бештар бихонед: