Июн 03, 2021 18:39 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Содиқ Санҷиронӣ
    Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Содиқ Санҷиронӣ

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо раиси маҷлиси Сенати Покистон дидор ва гуфтугӯ кард .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, дар ин дидор мавридҳои ҳамкории байнипорлумонии байни ду кишвар баррасӣ шуд .

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Содиқ Санҷиронӣ аз вазъияти феълии равобити ду кишвар ва сатҳи равобити сиёсии Тоҷикистону Покистон ибрози хурсандӣ кард

Ҳамчунин тарафҳо идомаи равобити байни ду кишвар аз тариқи гурӯҳҳои дӯстии байнипорлумониро зарурӣ донистанд .

Таъкид шуд ки ниҳодҳои порлумонии ду кишвар метавонанд нақши муҳимме дар афзоиши сатҳи равобит ва таъмини аҳдофи мақомоти ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва ҳимояти мутақобил аз сармоягузорон дошта бошанд .

Дар поёни ин нишасти итминон ҳосил шуд, ки равобити дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Покистон ҳамроҳ бо ҳифзи манофеъи миллии ҳар ду тараф тавсеъа хоҳад ёфт .

 

    

  Бештар бихонед :

 

Барчасп