Июн 06, 2021 20:49 Asia/Dushanbe
  • Ислоҳияи лоиҳаи осонсозии рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳияи лоиҳаи осонсозии рафтуомад бо Узбакистонро имзо кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, бар асоси ин ислоҳия, шаҳрвандони Узбакистон метавонанд то 10 рӯз бидуни дарҷи муҳри вуруд ва сабт дар раводид, дар Тоҷикистон ҳузур дошта бошанд.

Дар қонуни қаблӣ рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба кишварҳои якдигар, ки дар соли 2018 имзо шуда буд, ин муддат 3 рӯз дар назар гирифта шуда буд.

Ҳанӯз ин ислоҳияро раиси ҷумҳурии Узбакистон имзо накардааст, аммо интизор меравад, ки Шавкат Мирзиёев ҳам дар сафари даҳуми июни худ ба Тоҷикистон онро имзо кунад.

Ҳамчунин мақомоти ду кишвар дар бори азсаргирии ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Панҷакент бо Тошканд, Самарқанд ва Тирмиз низ тавофуқ карданд.

 

Бештар бихонед: